Дар доираи табодули асирон дар Афғонистон садҳо кас озод шуд
Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати "Толибон" теъдоди нави асиронро табодул карданд. Ин табодул дар доираи созиши гуфтугӯҳои нави сулҳ сурат мегирад.
Табодули асирон - яке аз шартҳои созишномаи моҳи февралие аст, ки байни Амрико ва ҳаракати "Толибон" баста шуд. Дар он созишнома ҳамчунин омадааст, ҷангҷӯёни "Толибон" наздики 1000 сарбози ҳукуматиеро озод мекунанд, ки ба асорат гирифтаанд.
"Сар аз дирӯз ҳукумат 710 маҳбуси толибро аз зиндонҳо раҳо кард", - хабар дод Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои миллии амнияти Афғонистон рӯзи 30 май.
Аз замони ба имзо расидани созишномаи байни ИМА ва толибон Кобул дар маҷмуъ 2700 маҳбусро озод кардааст. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи ҳаракати "Толибон" дар Қатар гуфт, рӯзи 30 май ҷангҷӯён 73 сарбози ҳукуматиро аз зиндон раҳо карданд. Ба гуфтаи вай, толибон дар маҷмуъ 420 сарбози неруҳои ҳукуматиро аз асорат озод кардаанд.