Wn/tg/Дар Тоҷикистон аксарияти муассисаҳои тандурустӣ ба тартиби кори муқаррарӣ бармегарданд

< Wn | tg
Wn > tg > Дар Тоҷикистон аксарияти муассисаҳои тандурустӣ ба тартиби кори муқаррарӣ бармегарданд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тадбирҳои саривақтию фаврии Ҳукумати мамлакат шиддати гирифторшавии аҳолӣ ба бемории сироятии коронавирус ба маротиб коҳиш меёбад. Бо назардошти ин бештари муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, ки то имрӯз ба муассисаҳои қабул ва табобати гирифторони сирояти коронавирус табдил дода шуда буданд, ба тартиби кори муқаррарӣ баргардонда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Тибқи иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиддати сирояти коронавирус дар байни аҳолии мамлакат ба маротиб коҳиш ёфта ба сатҳи паст расидааст. Бо назардошти нишондиҳандаҳои охири гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат баъди гузаронидани корҳои безараргардонӣ ба таъйиноти пештар баргардонда шуда, бо тартиби муқаррарӣ фаъолият менамоянд. Давоми се рўзи охир дар биноҳои табобатии Марказии шифобахш, маъруф ба беморхонаи Қарияи боло, ки барои қабули беморони илтиҳоби шуш ва коронавирус омода карда шуда буданд, корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд ва ин биноҳои табобатӣ ба ҳолати қаблӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Нафароне, ки дар биноҳои табобатии ин беморхона бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш ва сироят ёфтани коронавируси нав СОVID-19 бистарӣ гардида буданд, пурра шифо ёфта, рухсат дода шуданд. Ҳамарӯза аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва дигар муасисаҳои тандурурстии мамлакат садҳо нафар бемороне, ки бо аломати гирифтор ба бемориҳои илтиҳоби шуш, бронхит ва дигар бемориҳои сироятӣ ба табобат фаро гирифта мешаванд, дар муддати муайян шифо ёфта, ба назди назидикону пайвандонашон бармегарданд. Ин ҳама пешравӣ ва коҳиш ёфтани бемориҳои илтиҳоби шуш ва коронавирусро табибон аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мекунанд. Тавре иттилоъ дода шуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз шароиту имконияте, ки Ҳукумати мамлакат барои ба табобат фаро гирифтани беморон ва таъмини ин муассисаҳо бо маводи доруворӣ анҷом додааст, шумораи гирифторшавӣ ба бемории коронавируси СОVID-19 коҳиш ёфта, ҳазорҳо нафар аз ин беморӣ табобат ёфтаанд. Ҳамин тариқ бо мақсади ҳифзи саломатии сокинони мамлакат пешгири аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи саривақтии гирифторони он аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ тадбирҳои заруриву фаврӣ амалӣ карда шуда, натиҷаҳои назаррастар ноил мегарданд. Новобаста аз коҳишёбии шиддати гирифторшавӣ ба бемории коронавирус, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ пайваста аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятиро ҳатман риоя намоянд ва гузаронидани ҳамагуна ҷашну маросим ва маъракаҳо то ба эътидол омадани вазъият худдорӣ кунанд.