Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
editДар Минск даҳҳо нафари норозӣ, аксаран занҳо дастгир шудаанд
editПулиси Белорус рӯзи 19-уми сентябр даҳҳо нафари норозиро дар Минск боздошт кардааст. Онҳо бо роҳпаймоӣ дар пойтахт хостори истеъфои раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенко шудаанд. Эътирозҳо аз рӯзи 9-уми август, замони интихоботи президентӣ дар Белорус идома дорад. Норозиён натиҷаҳои интихоботро, ки бино бар он Лукашенко баранда эълон шуд, намепазиранд. Дар натиҷаи тазоҳуроти беш аз як моҳи ахир ҳазорон нафар боздошту лутукӯб шуда, тақрибан ҳамаи роҳбарони асосии мухолифин маҷбур кишварро тарк кардаанд ва ё дастгир шудаанд. Садҳо нафари норозӣ, ки бисёре аз онҳо зан буданд, рӯзи 19-уми сентябр дар маркази Минск роҳпаймоӣ карданд ва муддати кӯтоҳе бо пулиси зидди шӯриш даргир шуданд. Пулиси зидди шӯриш даҳҳо занро боздошт кард. Дар миёни дастгиршудагон Нина Баҳинскаяи 73-сола низ ҳаст.