Wn/tg/Дар Душанбе мулоқоти мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид

< Wn | tg
Wn > tg > Дар Душанбе мулоқоти мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид

28 май дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» вохӯрии муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакат бо мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон омада, баҳри пешгирӣ ва табобати беморони сироятии коронавируси нави COVID-19 бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд. То имрӯз мутахассисони соҳаи тибби Чин ба як зумра муассисаҳои тандурустии мамлакат рафта, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави COVID-19—ро бо мутахассисони соҳаи тибби ҷумҳурӣ баррасӣ намудаанд. Мавриди зикр аст, ки 24 майи соли равон бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 ба шаҳри Душанбе омаданд. Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»