Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Дар Алмато шумори маросимҳои дафн ду баробар зиёд шудааст
Расонаҳо бо истинод ба "Оҷонси хидматрасонӣ дар маросими дафн"-и шаҳри Алмато хабар додаанд, ки давоми як рӯзи ахир шумори қабрҳо як баробар афзоиш ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир фавтидаҳоро дар тамоми қабристонҳои Алмато ба хок месупоранд. "Мо наметавонем шумори дақиқи маросимҳои дафнро муайян кунем. Ин номумкин аст. Вале дар муқоиса бо рӯзҳои гузашта ду баробар бештар аст", - мегӯянд масъулони оҷонс. Дар Алмато то эъломи карантин ба ҳисоби миёна 25-27 касро дафн мекарданд. Вале ҳоло танҳо дар Қабристони ғарбии шаҳр дар як рӯз то 30 ҷасадро ба хок месупоранд. "Кормандон ба таври фоҷеавӣ намерасанд. Дар Қабристони ғарбӣ бо трактор қабр меканем",-гуфтанд дар ин ниҳод. Пештар расонаҳо дар бораи навбатпоиҳои тӯлонӣ дар пушти дари сардхонаҳои Алмато хабар дода буданд. Кормандони сардхонаҳо ҳатто маҷбур мешуданд, баъди ба поён расидани соати корӣ низ ҷасадҳоро ба наздикони фавтидаҳо супоранд. Дар Қазоқистон то 13 июл шумори умуии мубталоён ба коронавирус ба 62 ҳазор расида, расман 375 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Ба ин рӯйхат онҳое шомил нестанд, ки ба гуфтаи комиссияи махсус ба коронавирус мубтало буданд, вале бар асари бемории дигар фавтиданд.