Wn/tg/Вазирони собиқи Бритониё хостори иқдоми ҷиддитар дар робита бо Ҳонгконг шуданд

< Wn | tg
Wn > tg > Вазирони собиқи Бритониё хостори иқдоми ҷиддитар дар робита бо Ҳонгконг шуданд

Вазирони собиқи Бритониё хостори иқдоми ҷиддитар дар робита бо Ҳонгконг шуданд - Радиои Озодӣ

Ҳафт вазири хориҷаи пешини  Бритониё  рӯзи 1 июн аз нахуствазир Борис Ҷонсон даъват карданд, ки як гурӯҳи ҷаҳонии назорат аз болои вазъ дар Ҳонгконг ва бархӯрди мақомоти Чин дар заминаи ташдиди назорат бар ин минтақаи нимамухторро таъсис диҳад. Қабули қонуни амнияти миллӣ дар ин минтақаи муҳими тиҷоратӣ аз ҷониби Чин мавриди нигаронии кишварҳои ғарбӣ шуд. Ин қонун, ки қонунгузории Ҳонгконгро сарфи назар мекунад, аз ҷониби мақомоти чинӣ ҳамчун  зарурат барои мубориза бо “терроризм” ва “ҷудоиталабӣ” муҳим дониста шудааст.


Қонун бо вуҷуди ҳафт моҳ эътирозҳои сартосарии нирӯҳои демократӣ дар Ҳонгконг қабул шуд. Мухолифони ин қонун ҳарос доранд, ки акнун мақомот аз паи саркӯби дигарандешон шуда, мақоми мухторияти собиқ минтақаи мустаъмираи Бритониё барҳам мехӯрад. Соли 1997 Пекин баъди таҳти назорат даровардани Ҳонгконг ваъда дода буд, ки мақоми мухторияти Ҳонгконг ҳифз мешавад. Бритониё, ИМА, Австралия ва Канада бо нашри изҳороти муштарак нақшаи Пекинро ба боди танқид кашиданд, вале собиқ вазирони хориҷаи Бритониё аз Ҷонсон даъват ба амал оварданд,ки дунболи иқдомҳои сахттаре шавад.