Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Бинои Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Узбекистон карантин шуд
Бинои Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Узбекистон ба карантин гирифта шудааст. Бино ба иттилои расонаҳо, ҳудуди даҳ корманди Шӯрои марказӣ ба коронавирус мубтало гаштаанд. Расонаҳо бо истинод ба манобеи худ иттилоъ доданд, ки "бинои шӯро пурра ба карантин гирифта шудааст". Сухангӯи Иттиҳоди ҷавонони Узбекистон Нодир Абдуқодиров гуфт, шумори кормандони онҳо, ки гирифторияшон ба коронавирус расман тасдиқ шудааст, "он қадар зиёд нест". Абдуқодиров гуфт, Шӯрои марказии иттиҳод сар аз 10 июли соли равон кори худро онлайнӣ пеш мебарад ва рӯзҳои ахир танҳо чанд корманд ба маҳалли кор ҳозир мешуд.