Wn/tg/БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД. Бардошт аз конференсияи илмӣ-назариявӣ

< Wn | tg
Wn > tg > БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД. Бардошт аз конференсияи илмӣ-назариявӣ

АМИТ "Ховар" БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД. Бардошт аз конференсияи илмӣ-назариявӣ

ДУШАНБЕ, 15.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва КИ ҲХДТ дар ноҳия дар кохи  фарҳанг зери унвони «Хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони соҳаҳои ҳуқуқу тартибот, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, занону ҷавонон, имомхатибони масҷидҳо ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон Файзиддини Муҳаммадӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар оғози чорабинӣ порае аз филми мустанади «Хиёнат», ки аз таърих ва фаъолияти Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳикоят мекунад, намоиш дода шуда, сипас вобаста ба мавзӯи «Терроризм ва эстремизм — хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир» маърузаҳои сокинони ноҳия, собиқадорону омӯзгорон ва ҷавонону занон шунида шуд.

Маърӯзакунандагон фаъолияти ифротгароёна ва хиёнаткориҳои наҳзатиҳо ва роҳбарияти онро муҳокима ва маҳкум намуда, вобаста ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандорӣ изҳори назар карданд.

Зикр карда шуд, ки аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва  ифротгароёну ҷудоихоҳон имону виҷдон ва ору номуси худро фурӯхта, мехоҳанд исломи нобро ба чашми оламиён сиёҳ карда, аз доираи танги  диди худашон нишон диҳанд.

Аз рӯйи нодониву камхирадӣ ва гоҳо аз рӯйи ҳавову ҳавас ба мазҳабҳои бегонаву ифротгаро шомил гардидани баъзе ҳамдиёрони мо боиси ташвишу нигаронӣ буда, ба шаъну эътибори миллат таъсири манфӣ мерасонад, ки мисоли возеҳи инро дар филми «Хиёнат» мушоҳида кардан мумкин аст, — иброз доштанд иштирокчиёни ин чорабинӣ.

Бардошти умумии иштирокчиёни чорабинӣ ин аст, ки ҳар як сокини Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи ватандории худ барои пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ба тарзи  ҳаёти солим ҷалб намудани насли наврас саҳми муносиб гузорад, зеро давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо имрӯз дар шароити пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷавонони худшинос, ҳушёру зирак ва воқеан ватандӯст ниёз дорад.