Wn/tg/«Дӯстӣ» дар даври якуми лигаи дуюм «Сарбанд»-ро бо ҳисоби калони 8:1 мағлуб кард

< Wn‎ | tg
Wn > tg > «Дӯстӣ» дар даври якуми лигаи дуюм «Сарбанд»-ро бо ҳисоби калони 8:1 мағлуб кард

АМИТ "Ховар" ФУТБОЛ. «Дӯстӣ» дар даври якуми лигаи дуюм «Сарбанд»-ро бо ҳисоби калони 8:1 мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 15 июл даври ифтитоҳии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар доданд.

Дар ин давр дастаи футболи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун дар бозии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар вилояти Хатлон дар майдони худ бо дастаи «Сарбанд»-и шаҳри Левакант вориди  майдони рақобат шуд. Бозингарони дастаи футболи  «Дӯстӣ»  бо ҳисоби калон — 8:1 зафар ёфтанд.

Дастаи дигари лигаи дуюм — «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритӯз дар майдони худ бо тими «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳритӯз доир гашта,  бозӣ бо ҳисоби мусовӣ 2:2 хотима ёфт.

Ҳамчунин дар ин давр дастаҳои  футболи «Мунк»-и ноҳияи Ховалинг ва «Сурхоб»-и ноҳияи Темурмалик миёни ҳам рақобат намуданд, ки дар ин бозӣ низ ғолиб муайян нашуд. Чунки дидори дастаҳо бо ҳисоби 2:2 мусовӣ ҷамъбаст гардид ва дастаҳо  имтиёзро миёни ҳам тақсим намуданд.

Лигаи 2-юм, даври аввал.

«Дӯстӣ»- «Сарбанд» 8:1

«Чашма» — «Кӯшон» 2:2

«Мунк» — «Сурхоб» 2:2